- чашм
- [چشم]1. узви биниш дар инсон ва ҳайвон; чашм(он)и бодомӣ чашми бодомшакл; чашми тар дидаи гирён; чашми тира чашми камнур ва хира; чашм(он)и мешӣ чашмони калон-калони сиёҳ; чашмони шаҳло чашми сиёҳи моил ба кабудӣ, ки бисёр зебо ҳисоб меёбад; ба чашми мардум хуб намудан; пеши чашми… дар назари…, дар мадди назари…2. назар, нигоҳ3. маҷ. умед, интизорӣ4. ҳар паҳлуи хурҷин; ҳар қабати ҳамёни бисёрқабата5. сӯрохии баъзе чизҳо: чашми сӯзан, чашми ғалбер; чашми дарахт (чӯб) ҷои уқдаи дарахт ва чӯб; чашми бад чашме, ки аз нигоҳаш озору нуқсон расида метавонад◊ чашми бад дур! иборае, ки барои чашми бад нарасидан гуфта мешавад, балову офат дур бод! чашми бедор чашми кушода ва ҳушёр; чашми бино чашми равшан ва ҳамабин; чашми булбул а) номи нақше дар ҳунари гулдӯзӣ; б) дараҷаи қиёми шираи ангур, ки ҷӯшида ҳубобҳои монанди чашми булбул пайдо мекунад; чашми гурусна ҳарис, носер; чашми гуруснаро хок ҳам сер карда наметавонад: мақ. ; чашми маст а) чашми пурхумор; б) чашми шӯх; чашми оташбор чашми барқпош, чашми дурахшон; чашми рӯз маҷ. офтоб; чашми пурбин чашми дақиқнигоҳ, ҳақиқатбин; чашми (пур) хумор чашми хуморолуд, чашми пурноз; чашми тамаъ ҳарисӣ, тамаъкорӣ; чашми танг ҳарис, хасис, бахил; чашми танги дунёдорро хоки гӯр пур мекунад (мақ.); чашми шутур дараҷаи охирини қиёми шираи ангур, ки ҷӯшида, ҳубобҳои калонкалони монанди чашми шутур пайдо мекунад; чашми ҷаҳонбин чашми бино, чашми пурхирад; чашми ҷоду чашми пурафсун, чашми пурсеҳр, чашми зебо; чашмони дурахшон чашмони барқпош; чашм(он)и меҳрангез дидаи пурмеҳр, нигоҳи пурмеҳру муҳаббат; чашмони пурандӯҳ чашме, ки аз он осори ғаму андӯҳ пайдост; чашмони оташбор чашми дурахшон, чашми барқафшон; чашмони шӯх чашмони фаттон, ҷозибадор; чашм(он)и ҳаросон чашме, ки аз осори тарсу ҳарос пайдост; имои чашм ишора ба чашм; нури чашм маҷ. фарзанд; ҳаққи чашм миқдоре аз таом, ки барои шиносони тасодуфан ба сари таом ҳозир шуда дода мешавад; ба чашм, болои чашм дар мавриди қабул ва итоат ба гуфта ё супориши касе гӯянд, бо ҷону дил; чашм аз нигоҳи касе гурезондан кӯшидан барои ба нигоҳи он касе рӯбарӯ нашудан; чашм ало кардан, чашм песондан бад-бад нигоҳ кардан; чашм андохтан (афкандан) нигоҳ кардан; чашм афтодан ба чизе, касе дидан, дида мондан (чизе, касеро); чашм ба замин (зер) дӯхтан сархам нишастан, ба замин нигоҳ карда истодан (аз рӯи эҳтиром, содир кардани гуноҳ, оҷиз омадан ва ғ.); чашм ба касе будан ба касе умед бастан; чашм ба косахонааш фурӯ рафтан хароб, лоғар шудан (аз беморӣ ва ғ.); чашм ба омадани касе дӯхтан роҳи касеро поидан, сахт интизор шудан ба омадани касе; чашм ба роҳ чор шудан интизор шудан, сахт интизор ба омадани касе будан; чашм ба роҳ дӯхтан интизор шудан, раҳи касеро поида нишастан; чашм барқ задан дурахшидани чашм аз шодӣ; чашм ба чашми касе афтидан ба ҳам бархӯрдани нигоҳи ду кас; чашм ба чашм шудан рӯ ба рӯ шудан, нигоҳи ду кас рост омадан; чашм ба чизе афтидан чизеро ногоҳ дидан, ба чизе назар афкандан; чашм ба як нуқта бастан (дӯхтан) ба як нуқта бодиққат нигоҳ карда истодан; чашм ба ҳар тараф давондан ҳар тарафро як-як аз назар гузаронидан; чашм ба ҷое афтидан ногоҳ ба ҷое нигоҳ кардан; чашм ба ҷояш афтидан ҷазо дида, танбеҳ дида хатоеро ислоҳ кардан; чашм бегона шудан аз чизе аз чизи одаткарда дур шудани чашм, хато рафтани чашм; чашм беҷо шудан а) бо назари дигар нигоҳ кардан, аз итоат берун рафтанӣ шудан; б) тағйири ҳолати чашм аз ғазаб, хашм ё аз таъсири чизи дигар; чашм давондан дида баромадан, аз назар гузаронидан (чизеро); чашм дар роҳ будан интизор будан, раҳи касеро поидан; чашм доштан а) умед доштан, интизор доштан; б) тахмин кардан; чашм дӯхтан а) бодиққат нигоҳ кардан (ба чизе, ба касе); б) бо ғараз нигоҳ кардан, тамаъ доштан; чашм заиф будан чашм суст (хира) будан; чашми бад расидан захми чашм асар кардан, аз сабаби нигоҳи чашми ҳасад ба чизе расидани балову офат; чашми дидан надоштан хеле бад дидан, сахт нафрат доштан аз касе; чашми касе ба хонааш афтодан танбеҳ дида рафтору кирдори худро ислоҳ кардани касе; чашми касе мош барин гардидан ниг. чашм мисли мош кушода шудан; чашми касеро бастан касеро ба ғалат андохтан, касеро фиреб кардан; чашми касеро ба хонааш фуровардан ҷазо дода, ба итоат даровардан, адабашро додан; чашми касеро во кардан ниг. чашми касеро кушодан; чашми касеро кофтан маҷ. сахт рашк ва бахилӣ зоҳир намудан; чашми касеро кушодан касеро ҳушёр кардан, касеро омӯзондан; чашми касеро тарсондан ба ваҳму бим андохтан (касеро), ба тарс андохтан; чашми касеро хато кардан аз ғафлати касе истифода бурдан; чашми касеро хато хӯрондан ниг. чашми касеро хато кардан; чашми касеро шира гирифтан (бастан) ҳавобаланд шудан, мағрур гаштан, саргаранг шудан аз муваффақияте; чашми касе танг будан хасис будан; чашми касе шудан ба ҷои касе назорат карда истодан ба коре; чашми корро донистан қобилияти пеш бурдани корро доштан, дар кор таҷриба ва тахассус доштан; чашми некӣ умед кардан дар интизори некӣ будан; чашми рӯз накафида Офтоб набаромада, рӯз нашуда; чашми рӯз кушода шудан рӯз шудан, дамидани субҳ; чашми тез доштан борикбин (дурбин) будан; чашми хат доштан савод доштан, хондан ва навиштан тавонистан; чашми худро ба чашми касе дӯхтан ба чашмони касе мижа назада, нигоҳ кардан; чашми ҳасад дӯхтан бо ҳасад нигоҳ кардан; чашм кандан аз чизе нигоҳи худро гурезондан, қатъи назар кардан (аз чизе); чашм канда шудан сахт чашм дӯхтан ба роҳи касе, сахт интизорӣ кашидан; кушода будани чашм а) бедор будан; б) дар ҳаёт будан, зинда будан; чашм кушодан а) бедор шудан; б) арзи ҳастӣ кардан, ба дунё омадан; чашм кушода шудан ҳушёр шудан, некро аз бад фарқ кардан; чашм кӯр шудан нобино гаштан; чашм мисли мош кушода шудан аз ғафлат берун шуда, якбора огоҳ шудан аз моҳияти масъалае (коре, ҳодисае); чашм нагузаштан заиф шудани қувваи биноӣ, хира шудани чашм; чашм нарасидан бовар надоштан ба мумкин будани чизе; чашм об додан ба чизе нигоҳ карда лаззат бурдан, аз тамошои чизе кайф кардан; чашм ошно намудан шинос намудан, шинос будан; чашм паридан ҷастани пилкҳои чашм, ки дар урфият гӯё фоли нек ё бад аст; чашм парондан бо чашм ишора кардан; чашм партофтан лаҳзае нигоҳ кардан; чашм песондан лаҳҷ. чашм ало кардан; чашм пухта шудан чашм одат кардан, таҷриба ҳосил кардан, ба кор омӯхта шудан; чашм пӯшида гузаштан аҳамият надодан, сарфи назар кардан, нодида гирифтан; чашм пӯшидан а) хобидан, хуфтан, б) нодида гирифтан; чашм пӯшидан аз дунё мурдан; чашм пӯшида шудан хоб бурдан, хоб ғалаба кардан; чашм пӯшидан аз чизе ба чизе эътибор надодан, сарфи назар кардан аз чизе; чашм равшан шудан зоидан; чашм расидан ниг. чашми бад расидан; чашмро бурдан чашмро хира кардан (рӯшноии баланд); чашмтанг будан ҳарис будан, гурусначашм будан; чашмро гармӣ бурдан хоби сабук будан; чашмро хира кардан чашмро бурдан; чашм роғ рафтан чашм нимпӯш шудан; чашм сер шудан қонеъ шудан (аз чизе); чашм сиёҳ рафтан (задан) торик шудани пеши чашм аз таъсири хабари нохуш ва дард; чашм чашмро надидан ниҳоят торик будан; чашм чор шудан сахт интизор шудан; аз таги чашм нигоҳ кардан номаълум назар афгандан; аз чашм гузарондан дида баромадан, тафтиш кардан; аз чашм гурезондан а) надида мондан; б) ба қадри даркорӣ диққат накардан ба чизе; аз чашм дур мондан пинҳон мондан, номаълум мондан; аз чашм дур накардан ҳамеша дар пеши назар нигоҳ доштан (касеро); аз чашм мондан қобилияти дидан надоштан, нобино шудан; аз чашм оташ боридан хашмгин будан; аз чашм пинҳон мондан нонамоён мондан, маълум нашудан; аз чашм ғоиб шудан нопадид гаштан, нонамоён шудан; ба чашм вохӯрдан дида шудан, намоён будан; ба чашм гарм тофтан (намудан) а) ба чашм шинос (барин) намудан; б) маъқул шудан, ба дида нишастан; ба чашми кам дидан ҳақир шуморидан, ба назари таҳқир нигоҳ кардан; ба чашми касе хок пошидан касеро фиреб кардан; ба чашми худ бовар накардан дар ниҳояти ҳайрат шудан, дида истода ба ҳақиқати он бовар надоштан; ба чашм нанамудан худро нишон надодан; ба чашм расидан дида шудан, ба нигоҳ бархӯрдан; ба гӯшаи чашм дидан (нигоҳ кардан) номаълум нигоҳ кардан; бо чашми бад нигоҳ кардан қасди бад кардан; бо чашми душманӣ нигоҳ кардан душманона муносибат кардан; бо чашми умед нигоҳ кардан умедвор шудан, умедворӣ зоҳир кардан; бо чашми харидорӣ нигоҳ кардан бо диққат, ҳаматарафа аз назар гузарондан чизеро; бо чашми худ дидан аниқ дидани худро таъкид кардан, худ нозири воқеа будан; бо чашми ҳайрат нигаристан бо таҳайюр нигоҳ кардан, ҳайрон шуда назар кардан; бо қирраи чашм нигоҳ кардан ниг. бо гӯшаи чашм нигоҳ кардан; дар пеши чашм дидан наздик тасаввур кардан, манзараеро пеши назар овардан; дар як чашм задан ниҳоят тез, да як лаҳза; (ба) зери чашм гирифтан (кардан) назорат кардан, таъқиб кардан рафтору кирдори касеро; чашми гандум чоке, ки дар донаи гандум ба назар мерасад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.